Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти неруҳои НАТО дар Афғонистон


Бино ба гуфтаи мақомоти НАТО ва Афғонистон, бар асари як ҳамлаи Толибон дар шаҳри Қандаҳор се сарбози хориҷӣ ва панҷ шаҳрванди мулкии афғон ҷони худро аз даст додаанд. Мақомот афзудаанд, ки ҳамла бегоҳии рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваста, шӯришиён қабл аз он, ки аз аслиҳаи сабук кор бигиранд, як худрави ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир кардаанд. «Пулиси афғон бо пуштиибонии нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар ин кишвар ҳама кӯшиши худро мекунад то аз нуфузи ҳарчи бештари Толибон ҷилавгирӣ намояд», - афзудааст сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон. Вале сухангӯи нерӯрои байналмилалии ҳофизи сулҳ ҳуввияти сарбозони кушташударо ошкор накард. Дар ҳамин ҳол сухангӯи волии Қандаҳор Залмай Аюбӣ ба як хабаргузории хориҷӣ гуфтааст, ки ҳодисаи таркиши худрави ҳомили маводи тарканда тавассути як маргталаб анҷом дода шудааст. «Сипас мардони мусаллаҳ бо рокет ва мусалсал ба муддати 20 дақиқа бо ҷониби муқобил даргир шуда, пас аз расидани қувваҳои нозанафас минтақаро тарк кардаанд», - афзудааст Аюбӣ.
XS
SM
MD
LG