Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 8 сарбози Амрико дар Афғонистон


Ҳашт сарбози амрикоӣ ва чандин афғони ғайринизомӣ дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон кушта шудаанд. Шаби гузашта Толибон пас аз таркиши як мошини бомбгузоришуда дар назди дафтари полис дар Қандаҳор, ба ин дафтар ҳамла карданд ва се сарбози амрикоиву панҷ афғонро дар ин ҷо куштанд. Ҷунбиши Толибон расман масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Чаҳор сарбози амрикоӣ дар инфиҷори бомбаи сарироҳӣ ба ҳалокат расиданд ва як сарбози дигар аз ҷароҳатҳое, ки дар як даргирии чанд рӯз пеш бардошта буд, дар бемористон фавтид.
XS
SM
MD
LG