Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отунбоева ҳайати ҳукумати нави худро эълон кард


Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз ҳайати нави ҳукумати ба истилоҳ техникии худро эълон кард, ки то интихоботи порлумонии моҳи октябр фаъолият хоҳад кард. Ин ҳукумат то баъди интихоботи порлумонии моҳи октябр дар Қирғизистон фаъолият хоҳад кард.

Ҳукумати нав дар ҳоле таъсис ёфт, ки аксари аъзои собиқи он барои ширкат дар интихобот ва таъмини адолату шаффофияти он аз мақоми худ истеъфо доданд.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба дунболи ҳаводиси хушунатбори 7 ва 8 -уми апрели соли 2010 дар Қирғизистон, ки боиси сарнагунии раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев шуд, таъсис ёфта буд. Ин ҳукумат умдатан аз раҳбарони аҳзоби мухталиф иборат буд ва акнун ба делели омодагӣ барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи октябр аксари онҳо аз ҳайати ҳукумати муваққат истеъфо додаанд.

Ҳукумати техникии таъсиснамудаи Отунбоева то интихоботи порлумонӣ ва таъсиси ҳукумати нав, яъне то чор моҳи дигар фаъолият хоҳад кард. Хонум Отунбоева гуфтааст, ки ин ҳайати ҳукумат набояд дар умури сиёсӣ мудохила кунад ва бояд дур аз сиёсат бошад.

Гуфта мешавад, ки бархе аз аъзои ҳукумати нави Отунбоева аз кормандони собиқи ҳукумат дар даврони раёсатиҷумҳурии Аскар Акаев мебошанд. Аз ҷумла, вазири молия, муовини аввал ва як муовини сарвазири нав дар ҳукумати Аскар Акаев ба ҳайси муовини вазир, вазир ва сарвазир кор кардаанд.

Вазифаи асосии ин ҳукумат омодасозӣ ва баргузории интихоботи порлумонӣ хоҳад буд. Интихоботи порлумонии моҳи октябр интизор меравад аз сабқати пуршӯр бархӯрдор бошад.

Рӯзи 27 -уми июн дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои қабули Қонуни асосии нав ва тайиди ваколати Роза Отунбоева ба унвони раисиҷумҳури давраи гузариш доир шуд. Дар ин раъйпурсӣ беш аз 90 дарсад ба ҷонибдории Қонуни асосии нав раъй доданд, ки Қирғизистонро ба як ҷумҳурии порлумонӣ табдил медиҳад.
XS
SM
MD
LG