Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии Либия на ба Ғазза, балки ба самти Миср шино мекунад


Исроил мегӯяд, киштие, ки аз Либия ба Навори Ғазза кӯмакҳои башардӯстонаро интиқол доданист, зоҳиран самти ҳаракати худро тағйир дода, ҳоло равонаи Миср аст. Исроил ҳушдор дода буд, ки агар киштии зери парчами Молдова ба талоши худ дар шикастани муҳосираи сесолаи Ғазза идома диҳад, онро ғасб хоҳад кард. Ташкилкунандагони либиягии сафари киштӣ бо 2 000 тонна маводи ғизоӣ ва дорувор, як созмони таҳти раҳбарии Сайфулислом Қаззофӣ, писари раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ пойфишорӣ мекард, ки киштӣ вориди Ғазза шавад. Миср гуфтааст, агар киштӣ дар бандари Ал-Ариши Миср лангар андозад, ин мавод аз роҳи хушкӣ ба Ғазза интиқол дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG