Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати президенти Арманистон ба таҳкими робитаҳо бо Исроил


Раисиҷумҳури Арманистон ба таҳкими равобити кишвараш бо Исроил даъват кард. Ин даъвати Серж Саркисян дар мулоқоти ӯ бо Миша Линденштраус, бозрас ва омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон Исроил дар Ереван садо дод. Саркисян гуфт, чунин таҳким бояд тамоми риштаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаро дар бар гирад. Линденштраус пас аз ҳамоиши Анҷумани омбудсменҳои ҳошияи баҳри Миёназамин, ки омбудсмени Арманистон низ дар он ширкат дошт, ба Ереван сафар кард. Давъват ба таҳкими равобити Арманистону Исроил дар ҳоле садо медиҳад, ки робитаҳои Туркия бо Исроил ба сардӣ гароидаанд ва талошҳои наздикии Туркияву Арманистон низ вориди бунбаст шудаанд.
XS
SM
MD
LG