Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нишасти сарони Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон


Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, мегӯяд, мулоқоти президентҳои Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон барои баррасии низоъҳои минтақаӣ дар моҳи август баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, ин ҳамоиш ба густариши муколама ва баррасии бетарафонаи авзоъ кӯмак мекунад, аммо ҳалли ягон масъалаи бузургро дар назар надорад. Приходко ин шакли мулоқотро ҳамоҳанг бо талошҳои Русия дар ҳалли низоъҳои минтақаӣ номид. Ин дувумин мулоқоти чаҳорҷониба аст, бори аввал президентҳои Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар моҳи июли соли гузашта дар Душанбе вохӯрда буданд.
XS
SM
MD
LG