Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши талоқ ва коҳиши никоҳ дар Тоҷикистон


Талоқ ва фурӯпошии оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ноиби аввали Кумитаи умури занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Қимматгул Алибердиева ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ним гузашта 3 189 оила аз ҳам рехт, ҳол он ки дар ҳамин давраи як сол пеш шумораи талоқҳо 2 971 ададро ташкил дода буд. Ба гуфтаи вай, мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла набуди манзили зист, даромади нокофии навхонадорон ва дахолати калонсолон ба ҳаёти онҳо аз сабабҳои асосии ҷудошавии зану шавҳари ҷавон мебошанд. Порлумони Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз афзоиши талоқ синни издивоҷи духтаронро ба 18-солагии онҳо муқаррар кард, аммо ин қонун аз аввали соли оянда эътибор пайдо мекунад. Дар ин байн теъдоди никоҳ дар кишвар рӯ ба коҳиш дошта, дар нимсолаи аввал қариб якуним ҳазор никоҳ камтар ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG