Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Эмомалӣ Раҳмон -- гӯяндаи телевизион


Духтари 16-солаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Заррина Раҳмонова, ба ҳайси гӯяндаи шабакаи аввали телевизюни давлатии Тоҷикистон ахбори инглисии онро қироат кардааст. Гуфта мешавад, вай дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад ва дар давраи таътил ба Тоҷикистон омадааст. Заррина Раҳмонова баъд аз Озодаи Раҳмон, ки дар вазифаи ноиби вазири умури хориҷӣ кор мекунад ва Рустами Эмомалӣ, ки вакили маҷлиси шаҳрӣ, ноиби раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон, раиси раёсат дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволии давлатииТоҷикистон ва бозигари дастаи футболи "Истиқлол" аст, фарзанди савуми президент Раҳмон мебошад, ки дар мазҳари ом зоҳир мешавад. Духтари дигари раисиҷумҳур, Таҳмина, аз тоҷирони муваффақ дониста мешавад. Президент Раҳмон нӯҳ фарзанд дорад.
XS
SM
MD
LG