Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, Амирӣ Амрикоро тарк кардааст


Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, мутахассиси ҳастаӣ Шаҳроми Амирӣ, ки ба гуфтаи Теҳрон аз тарафи ходимони Иёлоти Муттаҳида рабуд шуда буд, ҳоло Амрикоро тарк кардааст. Сухангӯи вазорат, Ромини Меҳмонпараст, гуфт, Амирӣ аввал ба кишвари савум меравад ва аз он ҷо ба Теҳрон сафар мекунад. Амирӣ пас аз як соли баёнияи Эрон дар бобати рабуда шуданаш, дирӯз дар бахши манфиатҳои Эрон дар сафорати Покистон дар Вошингтон пайдо шуд. Аз он ҷо ки Эрон бо Иёлоти Муттаҳида робитаҳои дипломатӣ надорад, умури онро як бахши вижа дар сафорати Покистон дар Вошингтон ба ҷо меорад. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амирӣ бо иродаи худ ба Амрико сафар кардааст ва метавонад, ин кишварро озодона тарк кунад. Амирӣ дар барномаи тазодомези ҳастаии Эрон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG