Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии охирини даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо ширкати муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе - рӯзи 13-уми июл баргузор шуд.

«Истиқлол» дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», ба самар расонд. Воқеъан, Рабиев дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 13 гол дар ҷои аввал мебошад.

Бозии «Регар-ТадАЗ» бо дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар ду бозии аввали даври 15-ум «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон -«Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буданд.

Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» бо 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона аст. «Истиқлол», ки 31 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Вале «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш - «Регар» ТадАЗ - як бозӣ бештар анҷом додааст.

«Вахш» бо 24 имтиёз аз 14 бозӣ дар ҷои севум ва «Хайр»-и Ваҳдат бо 23 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷои чаҳорум мебошанд.

Дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст ва дар ҷои охирин қарор дорад.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 17-уми июл


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

10

2

0

39-5

32

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

4

0

28-8

31

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

3

4

17-13

24

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

13

7

2

4

23-17

23

5.

«Энергетик» (Душанбе)

14

4

3

7

17-23

15

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

13

3

5

5

12-19

14

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

12

3

2

7

15-23

11

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

1

5

6

13-23

8

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

13

0

2

11

6-38

2




Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 13 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 11, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Даври 16-ум
17-уми июл (шанбе)
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
«Истиқлол» - «Парвоз»
18-уми июл (якшанбе)
ССКА «Помир» - «Хуҷанд»
«Хайр» - «Вахш»
XS
SM
MD
LG