Пайвандҳои дастрасӣ

Карим Алӣ Қассам, профессори донишгоҳи аз соли 2006 то кунун дар Бадахшонҳои Афғонистону Тоҷикистон таъсири гармоиши курраи Заминро таҳқиқ мекунад.

Ӯ мегӯяд, тағйироти иқлим то кунун ба шеваҳои кишоварзӣ ва ҳатто фарҳанги мардуми бумӣ дар Бадахшонҳои ду кишвар таъсир гузоштааст. Дар бораи натиҷаҳи пажӯҳиш бо Карим Алӣ Қассам доктори Донишгоҳи Корнелли Амрико сӯҳбате доштам ва нахуст аз ӯ хостам, то доир ба аломатҳои таъсири гармоиши курраи Замин ба зиндагиву кор ва фарҳанги мардуми Бадахшонҳои Тоҷикистону Афғонистон бигӯяд:

- Таъсири аслии тағйироти иқлимӣ ҳам ба амнияти ғизоӣ ва ҳам фарҳанг мушоҳида мешавад, чаро ки тағйироти иқлим ба фарҳанг низ таъсир мегузорад. Иҷоза диҳед аввал дар бораи таъсири тағйири иқлим ба амнияти ғизоӣ сӯҳбат кунем. Дар Помир мардумӣ кӯчӣ ва кишоварз сукунат доранд. Кишоварзоне, ки дар манотиқи баландкӯҳ зиндагӣ мекунанд, қаблан наметавонистанд гандум кишт намоянд, зеро гандум дар тирамоҳ бар асари сардӣ осеб медид, аммо ҳоло онҳо гандум кишт мекунанд.

Дар манотиқи баландкӯҳи ҳам дар Бадахшони Афғонистон ва ҳам Бадахшони Тоҷикистон сокинони он рустоҳо гандум кишт мекунанд. Яъне пажӯҳиш нишон медиҳад, ки мардум аз ҳоло ба гармоиши курраи Замин мутобиқ мешаванд ва худро ба тағйироти иқлимӣ омода мекунанд. Вале инро наметавон, таъсири мусбати тағйири иқлим номид, зеро дар баландкӯҳҳо замини кишт кам аст ва шумо наметавонед, тамоми сокинони рустоҳоро ба манотиқи баландкӯҳ кӯчонед, то гандум кишт кунанд. Агарчӣ мутобиқшавӣ ба гармоиши курраи Замин чизи мусбат аст, аммо таъсири он фавқуллода ва зиёд нест.

- Аммо дар робита ба сокинони рустоҳое, ки дар манотиқи поёнтар зиндагӣ мекунанд. Таъсири гармоиши курраи Замин ба шеваҳои кору зиндагии онҳо чӣ гуна аст?

- Асароти манфие, ки мо дар зиндагии сокинони рустоҳои поёнтар, дар водиҳои Тоҷикистону Афғонистон мушоҳида кардем, ин аст, ки бемориҳои афзоянда, ба ғалладона ва меваҳо осеб мерасонанд. Баъзе аз меваҳо ҳосил намедиҳанд ва ё намесабзанд, зеро тирамоҳ ба қадри кофӣ сард нест ва бисёр гарм мебошад. Масалан барои себ, дар тирамоҳ ҳавои сард зарур аст, то рушд кунанд ва бирасад. Ҳамингуна ҷараёни маъмули биологӣ баъзан бо тирамоҳи гарм халалдор мешавад ва меваҳо ё аз беморӣ ва ё бинобар сабаби рушд накардан нобуд мешавад. Дигар чизе ки мо дарёфтем ин аст, ки дар баъзе рустоҳо, кишоварзон ҳосили гандум ва ҷавро аз 15 то 40 рӯз пештар ҷамъ меоранд ва гандуму ҷавро аз 15 то 30 рӯз пештар кишт мекунанд. Яъне ҳам дар замони кишт ва ҳам дар замони ҷамъоварии ҳосил тағйири фавқуллодае мушоҳида мешавад. Ва ин як асари тағйироти иқлим аст, ки мо мушоҳида кардем.

- Таври маълум кӯҳистонҳо сарчашмаи оби водиҳо дар тамоми минтақа аст ва маълум аст, ки гармоиши курраи Замин обшавии пиряхҳоро суръат мебахшад. Таъсири манфии обшавии башиддати пиряхҳо ба зиндагии мардуми кишоварз чӣ гуна будааст?

Бинобар афзоиши обшавии пиряхҳо, сатҳи оби рӯдхонаҳоро боло меравад ва ҳамингуна заминҳои кишт дар водиҳо шуста ва камтар мешавад. Дигар ин ки хатари лағжиши хок ва тағйири тамоюли рӯдхонаҳо бештар мешавад. Яъне тамоюлҳои ғайриқобилипешбинӣ ва хатарҳо зиёдтар меёбанд. Ва мардум дар рустоҳои поёнӣ доир ба чунин тамоюлҳо сӯҳбат мекунанд.

- Зимнан кишоварзон бештар аз ҳама ба пешбинии тамоюлҳои табиӣ ва вазъи ҳаво ниёз доранд. Дар сурати афзоиши тамоюлҳои ғайриқобили пешбинӣ кишоварзон ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ хоҳанд шуд?

Шумо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар соли 2009-ро дар ёд доред. Дар он вақт кишварҳои дунё садҳо миллиард долларро барои ба эътидол овардани вазъи низоми бонкӣ харҷ карданд. Сабаби харҷи миллиардҳо доллар ин буд, ки онҳо мехостанд, вазъ қобили пешгӯӣ бошад. Онҳо мехостанд, қодир ба пешбинии тағйирот бошанд. Акнун вазъи кишоварзонро тассавур кунед. Мушкили тағйири иқлим, ин гарм шудани курраи Замин нест, зеро дар баъзе манотиқ ҳаво сардтар ва дар баъзе ҷойҳо ҳаво гармтар аст. Баъзан баҳору зимистон ва фаслҳо ба ҳам омехта мешаванд. Мушкили тағйири иқлим, гармоиш нест, балки вазъи ғайриқобили пешбинӣ аст. Ва шумо тассавур кунед, ки ин вазъи ғайриқобилипешгӯӣ ба кишоварзон чӣ гуна фишор меорад. Масалан тасаввур кунед, ки агар кишоварзон, тағйироти эҳтимолиро надонанд ва барои соли оянда кишт накунанд. Яъне ин таъсири мустақим ба вазъи амнияти ғизоии онҳо аст. Аз ин вазъи ғайриқобили пешбинӣ онҳо ба изтироб меафтанд, ки ғизои кофӣ барои хӯрдан нахоҳанд дошт.

- Шумо доир ба таъсири тағйири иқлим ба фарҳанги мардум дар Бадахшонҳои Тоҷикистону Афғонистон гуфтед. Онро ҳам шарҳ медодед?

Ду асари манфие ҳаст, ки мо бояд бисёр ҷиддӣ бигирем. Аввал ин ки ҷашнҳои мардумие вобаста ба фасли кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил вуҷуд дорад. Масалан ҷашни соли нав аст, ки ба мавсими кишту кор иртибот мегирад ва ҳам ҷашне аст, дар вақти ҷамъоварии ҳосил. Агар кишту кор 15 –20 рӯз пеш сурат бигирад ва ҷамъоварии ҳосил 20-30 рӯз пеш дар ин ҳолат, бо таъсири зуҳуроти биологӣ ҷашнҳо маънии худро аз даст медиҳанд. Яъне зуҳуроти биологӣ тақвими ҷашнҳоро низ бемаънӣ мекунад, ҷашнҳои фарҳангӣ ба замони кишту кор ва ҳосилғундорӣ мувофиқ намеояд. Ин аст таъсири тағйири иқлим ба фарҳанги мардум.
XS
SM
MD
LG