Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳаи паштунҳо дигар бозӣ намекунад.


Баъди бомбгузории маргталабона дар деҳаи Шоҳ Ҳасанхел, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, сокинони он тасмим гирифтаанд, ба Толибон муқовимати беамон нишон диҳанд.

Ибтидои соли равон бар асари таркиш дар варзишгоҳи ин минтақа камаш 100 тамошобини мусобиқаи воллейбол ба қатл расиданд. Сокинони деҳа мегӯянд, ки онҳо ба Толибон сар хам нахоҳанд кард.

Сокинони деҳаи Шоҳ Ҳасанхел, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон дигар барои воллейболбозӣ ҷамъ намешаванд. Ҳафт моҳ пеш бо куштори даҳҳо варзишгару бинандаи мусобиқаи воллейбол Толибон ба он муваффақ шуданд, ки ҷамъомадҳо дар варзишгоҳи деҳа ба поён расанд.

Аммо ин маънои онро надоранд, ки сокинони деҳа ба Толибон сар хам кардаанд. Бартакс баъди таркишҳо шумори бештари сокинони деҳа ба лашкар ё худ гурӯҳи ниманизомӣ шомил шуда, аз вуруди Толибон ба макони зисти онҳо ҷилвгирӣ мекунанд.

Муштоқхон ном пири деҳа, ки раҳбарии лашкарро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, таркиши якуми январи соли 2010-ум ҳаёти беш аз 100 сокини деҳаи Шоҳ Ҳасанхел ва аз ҷумла варзишгарону ҳаводорони воллейболро аз байн бурда, даҳҳо нафари дигарро захмӣ кард.

Деҳаи Шоҳ Ҳасанхел бо тақрибан ҳафт ҳазор аҳолиаш дар ноҳияи Лакки Марвати вилояти Хайбар-Пахтунхво ҷойгир мебошад. Сокинони деҳа асосан мардуми паштунтабор мебошанд, ки нерӯи асосии Толибони Покистонро дар вилояти Вазиристони ин кишвар ва Афғонистони ҳамсоя ташкил медиҳанд.

Дар паи амалиёти решакансозии даҳшатафканӣ дар соли 2009-ум ҳукумати Покистон аз ташкили лашкар пуштибонӣ намуд. Бар пояи анъанаҳои қабилавии паштунҳо дар ҳоли зарурат мардуми маҳаллӣ бояд бар зидди ҷангҷӯён қиём намояд.

Дар ин бора Муштоқхон мегӯяд: "Мо ба хотири наздикиамон ба вилояти Вазиристон ва ҷилавгирӣ аз фирори Толибон ба минтақаамон тасмим гирифтем, лашкари зидди Толибон таъсис диҳем".

Муштоқхон меафзояд, сарфи назар камбуди аслиҳаву лавозимот лашкар тавонист, ки "одамони бад"-ро аз минтақа берун кашад.
Вале ин дастовард деҳаро ба ҳадафи ҳамлаи Толибон табдил дод. Якуми январ ҳангоми ҷамъомади Шӯрои қабилаҳо дар деҳаи Шоҳ Ҳасан мусобиқаи воллейбол барпо шуд, ки дар он тахминан 300 нафар қуваозмоии варзишгарони маҳаллиро тамошо мекарданд. Дар ҳамин вақт бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро ба тарафи издиҳом равона кард. Муштоқхон мегӯяд, ҳамла ҳаёти 114 нафарро аз байн бурд.

Полис тахмин мекунад, ки маргталаб камаш 250 килограм маводи таркандаро истифода бурдааст.
Толибон иброз доштанд, ки ҳамла посух ба ташкили лашкари зидди Толибон аст.

Як сокини деҳа, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, дар ин ҳамла тамоми хонаводаҳои деҳа талафот доданд.

"Дар ин ҳамла ду ҷияни ман кушта шуданд. Аслан ҳар оилаи деҳа як ва ё чанд узвашро аз даст дод".

Ин сокини деҳа меафзояд, аксари кулли воллейболбозон кушта шуданд. Онҳое, ки зинда мондаанд, ҳама маъйуб ҳастанд.
Вале дар симои сокинони деҳа на тарс, балки қаҳру ғазаб ва қассос ба назар мерасад. Муштоқхон мегӯяд, онҳо мисли паҳлавон бо паҳлавон, яъне бо лашкар рӯ ба рӯ нашуда, номардона ба мардуми осоиштаву бегуноҳ ҳамла карданд.

Имрӯз лашкар бо шумори бештари сокинони Шоҳ Ҳасан Хел фаъол буда, аъзои нави он воллейболбозиро эҳё кардаанд. Онҳо мегӯянд, то комилан решакан кардани Толибон муборизаро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG