Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони дорои бурқа дар Фаронса $185 ҷарима медиҳанд


Рӯзи сешанбе порламони Фаронса қонуни нави ин кишварро дар бораи мамнуияти пӯшидани бурқа ё рӯсарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тасвиб расонд. Ҷонибдорони ин қонун мегӯянд, пӯшидани рӯсарӣ хилофи муқаррароти ҷомеаи дунявист ва ҳатто метавонад хатарҳои амниятӣ низ дошта бошад. Аммо мухолифони ин ақида бар ин назаранд, ки чунин мамониат озодиҳои шахсии шаҳрвандонро маҳдуд мекунад ва он хилофи Қонуни Асосии Фаронса аст. Акнун тибқи ин қонун шахсоне, ки бо бурқа ё рӯсарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайдо мешаванд, 185 доллар ҷарима пардохт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG