Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мегӯяд, донишманди эронӣ озод аст


Амрико гуфт, Шаҳром Амирӣ-донишманди эронӣ, ки ҳоло гузораш ба Амрико афтодааст, озод аст ва агар бихоҳад метавонад ин кишварро тарк кунад. Теҳрон мегӯяд, ки Амрико ин донишмандро рабудааст. Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, "Амирӣ бо хости худ ба ин ҷо омадааст ва ҳоло бо хости худ метавонад ин кишварро тарк кунад". Қаблан Амрӣ дар бахши эронии сафорати Покистон дар Вошингтон ҳозир шуд, бахше, ки корҳои Эронро дар Амрико пеш мебарад. Манучеҳр Муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, Амирӣ тақозо кардааст, ки ҳарчӣ зудтар ба Эрон баргардад ва Амрико бояд ба вай иҷозаи тарк диҳад.

XS
SM
MD
LG