Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев дар Екатеринбург бо Меркел мулоқот мекунад


Қарор аст дар чаҳорчӯбаи мулоқоти коммисияи байнидавлатии Русияву Олмон рӯзҳои 14, 15-ӯми июл Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар Екатеринбург бо ҳам дидор ва гуфтугӯ кунанд. Яке аз мушовирони раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, дар ин мулоқот амнияти Аврупо, ҳамкориҳои миёни Русияву НАТО, ҳамкориҳои Русияву Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар баррасӣ мешавад. Медведев ҳамчунин хонум Меркелро аз муносиботи миёни Русияву Украина ва Беларус ва талошҳои ин се кишвар барои интиқоли гази Русия ба Аврупо огаҳ хоҳад сохт.
XS
SM
MD
LG