Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Узбакистонро гунаҳгори таъхир дар сохтмон медонад


Раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Эрон Узбакистонро гунаҳгори таъхир дар сохтмони ниругоҳи барқи обии Сангтӯда-2-и Тоҷикистон медонад. Исфандиёр Раҳим Машоӣ-раҳбари дафтари Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар Душанбе гуфт, бастани роҳи оҳан ва муттаваққиф сохтани вагонҳои масолеҳи зарурии сохтмонӣ барои ниругоҳ сохтмони ниругоҳро дар Тоҷикистон ба таъхир андохтааст. Ниругоҳи Сангтӯда-2 бо кӯмаки молии Эрон бунёд мешавад. Ба гуфтаи вай, чунин рафтори Узбакистон сохтмони ниругоҳро дастикам барои шаш моҳ ба таъхир андохтааст.
XS
SM
MD
LG