Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Фаронса бурқаву ниқобро мамнӯъ эълон кард


Парлумони Фаронса имрӯз қонунеро тасвиб кард, ки бар пояи он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо бурқаву ниқоб гаштан манъ аст. Мишел Алиот-Марӣ, вазири адлияи Фаронса, зимни суханронӣ дар парлумон баъд аз тасвиби қонун гуфт, ки "ин комёбӣ барои ҷумҳурӣ ва арзишҳоест, ки ба онҳо арҷ мегузорад – арзишҳои озодӣ аз ҳама гуна фишоре, ки талоши таҳқири инсонро дорад, арзишҳои баробарии зан ва мард".
Мухолифони қонун мегӯянд, ки дар он ҳуқуқи инфиродии шаҳрвандон нақз шудааст ва он хилофи Қонуни асосии кишвар аст. Дар Фаронса тақрибан 5 миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд. Ва аммо, бар пояи иттилоъи расмӣ, теъдоди ками занон – тақрибан 2 ҳазор нафар бурқаву ниқоб мепӯшанд.
Қонуни манъи бурқаву ниқоб бояд моҳи март аз сӯи Сенати Фаронса ҳам тасвиб шавад. Фаронса баъд аз Белгия дуввумин кишвари аврупоист, ки талоши манъи бурқаву ниқобро дорад.
XS
SM
MD
LG