Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 17 соли ҳамла ба дидбонгоҳи 12 -ум


13-уми июли соли 1993 хабари ҳуҷуми маргбори гурӯҳи муҷоҳиддин ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия, мустақар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 25 марзбони рус кушта шуд ва ба думболи он Русия дар пайи музокираи пинҳону ошкор бо ИНОТ шуд.

Дар ин дидбонгоҳ 48 нафар тоҷику руси марзбон 11 соат ба ҳамлагарон муқобилият нишон доданд.

Соати 3-и ин шаб як гурӯҳи муҷоҳиддин ба ин қисми сарҳадӣ, ки умури марзбониашро русҳо ба ӯҳда доштанд, ҳамла карданд, ки дар паи он беш аз 50 нафар аз ду ҷониб ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ гардид.

Бо гузашти 17 сол аз ин ҳодиса вобаста ба ин ҳамла дар Русия садҳо мақолаву китоб, хотироти иштирокчиён ва филмҳои ҳуҷҷатӣ ба нашр расонида шудааст, вале дар Тоҷикистон ба истиснои ду се мақола дар матбуоти мустақил ҳеҷ таҳқиқе дар ин росто сурат нагирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон дар аксар маврид матбуоти русӣ ин мавзӯъро якҷониба таҳқиқ карда, саҳми марзбонони тоҷикро нодида гирифтаанд.

«Ҳанӯз ҳам моро таҳқир мекунанд»

Шоҳидон мегӯянд, ин дидбонгоҳ дар миёни ду кӯҳ ҷой гирифта, кӯмак расонидан ба марзбонони муҳосирашуда хеле мушкил буд.

Аз сӯи дигар, ба қавли Нуралӣ Давлат, як таҳқигари ин ҳодиса чарболҳои Русия, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доштанд, бо эҳтимоли мавриди ҳамла қарор гирифтан ба ин мавзеъ парвоз накарданд ва нерӯҳои пиёданизоми марзбонони рус аз хавфи минкории роҳҳо барои наздик шудан ба дидбонгоҳ эҳтиёт мекарданд.

Узбакситон низ, ки он замон бо Русия каме мухолифат дошт, барои парвози ҳавопаймоҳои ҷангии Русия аз ин кишвар иҷоза надод.

Аммо сарҳанг Аламхон Раҳматов, ки он замон дар дигар қисми сарҳадии ноҳияи Шӯрообод хидмат мекард, бо ёддоварӣ аз он рӯзҳо мегӯяд, нахустин шуда, онҳо аз ҷониби дигар ба кӯмаки марзбонони муҳосирашуда шитофтаанд ва то ҷое муваффақ ба озод кардани дидбонгоҳ шудаанд.

Аммо ӯ мегӯяд, борҳо дар матбуот ва китобҳое, ки дар Русия ба ин ҳодиса бахшида шудаанд, саҳми онҳоро на танҳо нодида, балки таҳқиромез баҳо додаанд.

Раҳматов мегӯяд: «Аввалин шуда, дидбонгоҳро мо озод кардем. Лекин дар китоби«На рубеж Пянджа», саҳифаи 257 навишта шудааст, ки гӯиё мо сарбозони тоҷик, армия тоҷик, омада ҷангро дидем ва гӯиё танки моро милаш аз кор баромада, сӯзишвориамон тамом шуда, ба деҳаи Ёл баргаштаем, дурӯғ аст. Инро ки бе таҳқиқ навишта шудааст, таҳкир медонем, ки дар шоҳидии ҳама мо чи гуна мубориза бурдем».

Тақрибан тамоми расонаҳои русӣ шумори ҳамлагаронро 200 то 250 нафар арзёбӣ мекарданд.

Аммо Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор, ки соли гузашта ин мавзуро таҳқиқ карда, бо чанд нафаре аз муҷоҳиддин сӯҳбат кардааст, мегӯяд, шумори ҳуҷумкунадагон аз 40 нафар беш набудааст, вале онҳо бо тамоми таҷҳизоти ҷангӣ мусаллаҳ будаанд.

Аҳмади Иброҳим мегӯяд: «Онҳо бо яроқҳои вазнин муҷҷаҳаз буданд. Яроқи худсохти вазнине, ки доштанд, ба таври худ «Ал-Бадр» ном карда буданд, ки он метавонист чархболу танкҳоро аз кор барорад. Бо онҳо арабҳо, афғонҳо ва аслан муҷоҳидин тоҷик будаанд».

Чаро чунин ҳамла сурат гирифт?

Аламхон Раҳматов, яке аз шоҳидони ин ҳодиса мегӯяд, чунин ҳамлаҳо ҳамон сол зуд-зуд дар сарҳад рӯй медод, вале ҳеҷ кадоме ба мисли ин ҳамал хунин набуд.

Ӯ мегӯяд: «23 июни соли 1993, пеш аз ин дар болои деҳаи Порвор низ чунин ҳамла сурат гирифт ва 4 нафар марзбони тоҷик кушта шуд, аз онҳо ҳам. 18-уми апрели ҳамон сол низ чунин буд, дар ҷанги кӯҳи Бомак низ бо муҷоҳидон задухӯрд сурат гирфита буд. Аммо ҳеҷ кадоме чунин хунин набуд».

Яке аз ин муҷоҳиддин, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум аз он ҷониб ширкат дошт, бидуни ифшои ном гуфт, ки воқеан онҳо беш аз як моҳ барои ин ҳамла омодагӣ мегирифтанд ва танҳо ду рӯз пеш аз амалиёт харитаи ҳамла ба онҳо пешниҳод шуд.

Аммо ин муҷоҳид мегӯяд, аксари ширкатдорони ин амалёт намедонистанд, ки ин супоришро ба онҳо кӣ додаст.

Нуралӣ Давлат, муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, воқеан, то кунун барои касе рӯшан нашудааст, ки бо фаромони кӣ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба чунин ҳамла даст задаанд. Аммо ӯ мегӯяд, ҷониби Русия ба хубӣ аз ин ҳодиса огаҳ буд ва аз он хуб ҳам истифода кард.

Ӯ гуфт: «Ба тахмин ин ҳушдор буд. Гурӯҳҳое буд дар Русия, ки мегуфтанд бояд мардуми Русия ҳушдор дода шавад, то нерӯҳои онҳо дар хоки Тоҷикистон боқӣ монад. Пас аз ин ҳодиса низ онҳо чунин ишора карданд, ки агар мухолифини тоҷик саркуб нашаванд ва онҳо дар марз боқӣ намонанд, ин ҷанг эҳтимол ба Русия низ кашида шавад. Бадтар афсарон низ навиштанд, ки онҳо аз ин ҳамла огаҳ буданд, вале намедонистанд, ки кай ва ба кадом қисми сарҳадӣ шурӯъ мешавад. Пас аз ин бо ҳар баҳона гуноҳро ба сари мардуми маҳал бор карданд, ки гӯиё бо мухолифин ҳамкорӣ доштанд».

Аммо як нафар муҷоҳиди ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, онҳо бо мардуми маҳаллӣ ин сӯи марз робита надоштанд, баръакс бо бархе русҳо иртибот доштанд ва аз онҳо силоҳ харидорӣ мекарданд.

Ҳодисае, ки боиси оғози музокирот шуд

Аммо аксари коршиносон бар ин назаранд, ки дар паи ин ҳамла Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин худро ҳамчун як нерӯи сиёсӣ-ҳарбии пурқувват муаррифӣ карданд.

Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ин ҳамла ҳукумати тозатаъсиси Тоҷикистон ва Русияро ба он андеша овард, ки бояд бо нерӯҳои мухолифин вориди музокироти ҷиддӣ шаванд ва ба онҳое гузаштҳое низ кунанд.

Давлати Русия 25 нафар муқовиматгаронро ба унвони қаҳармони Русия мушараф гардонд, вале дар он миён ягон нафар тоҷик, ки дар ин задухӯрд саҳми хос доштанд, унвони қахрамонӣ на аз ҷониби Русия ва на аз ҷониби Тоҷикистон нагирифтанд.

Пас аз рух додани ин ҳодиса Владимир Шляхтин, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Русия бо тақозои давлат аз вазифа истеъфо рафт ва чанд мансабдори дигар «танбеҳ» гирифтанд.

Вале ба қавли коршиносон, то ҳанӯз дар мавриди ин ҳуҷум матлаби беғаразу бетараф иншо нашудааст.
XS
SM
MD
LG