Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои боз як узви ҳукумати Қирғизистон


Алмосбек Отамбоев, муовини аввали раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, ба истеъфо рафт. Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумат, Отамбоев баъд аз ҳадсзаниҳо дар расонаҳои хабарӣ оиди имкони истифодааш аз мақом дар интихоботи парлумонӣ дар бораи истеъфо тасмим гирифтааст. Алмосбек Отамбоев раиси ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон аст.
Аз ин пеш ду узви дигар ҳукумати муваққат – Омурбек Текебоев ва Темур Сариев ҳам мақомҳои худро тарк намуданд ва эълом доштанд, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябр ширкат хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG