Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори низомиёни бритониёвӣ аз сӯи сарбози афғон


Дар ҷануби Афғонистон се низомии бритониёвӣ кушта ва чаҳор нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Лиам Фокс, вазири дифоъи Бритониё, тайид кард, ки дар вилояти Ҳилманд як сарбози афғон сӯи низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ оташ кушодааст. Ҳамлагар аз ҷойи ҳодиса ғайб зад ва ҳоло кофтукоби ӯ идома дорад. Воҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки "вазорати дифоъи мо аз ин ҳодиса хело ҳам нигарон аст ва онро тафтиш мекунад. Агар ҳамаи ин тайид шавад, ин басо андӯҳгин хоҳад буд. Мо умедворем, ки тафтиши ҳамаҷониба сурат мегирад".
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз ҳалокати сарбозони бритониёвӣ изҳори таассуф кард.
XS
SM
MD
LG