Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун хотираи қурбониёни Сребренитсаро пос дошт


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, хотираи ҳазорон мусалмонҳои 15 сол пеш дар шаҳри Сребренитса аз сӯи низомиёни сербҳои Боснӣ кушташударо пос дошт. Зимни суханронӣ дар Ню-Йорк, ӯ изҳор намуд, ки қатли мусалмонҳо дар Сребренитса – ваҳшатбортарин дар Аврупо аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон буд ва чун бори сангине бар дӯши ҳама кишварҳои узви СММ боқӣ хоҳад монд. Бан Ки Мун гуфт, ки "Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ва Додгоҳи байнулмилалӣ оид ба ҷиноёт дар Югославияи собиқ тайид карданд, ки ваҳшати Сребренитса – наслкушист. Ҳамин тариқ, саҳми бузурге дар мубориза бо бемуҷозотӣ гузошта шуд. То он замоне, ки муҷримон дар наслкушӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ ба додгоҳ кашида нашаванд, талошҳои мо барои дарёфти адолат поён нахоҳад ёфт".
Моҳи июли соли 1995 сербҳои Боснӣ шаҳри Сребренитсаро, ки таҳти назорати СММ қарор дошт, ишғол намуданд ва тақрибан 8 ҳазор мардону наврасони мусалмонро тирборон карданд.
XS
SM
MD
LG