Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳром Амирӣ дар сафорати Покистон дар Амрикост?


Расонаҳои Эрон иттилоъ доданд, ки донишманди маъруфи бахши физикаи ҳастаӣ Шаҳром Амирӣ аз сӯи кормандони CIA - Хадамоти марказии кашфи ИМА рабуда шуда, айни ҳол дар сафорати Покистон дар Амрико ба сар мебарад. Шаҳром Амирӣ моҳи июни соли гузашта ҳангоми зиёрати мавзеъҳои муқаддаси Арабистони саудӣ ногаҳон ғайб зада буд. Вошингтон даст доштанаш дар рабудани донишманди эрониро рад мекунад.
Моҳи марти соли равон шабакаи телевизионии амрикоии АВС хабар дод, ки Амирӣ ба ИМА фирор кардааст ва айни ҳол бо Хадамоти марказии кашф ҳамкорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG