Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода: 12 додситон аз мақом барканор шудаанд


Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, хабар дод, ки мақомоти додситонӣ тайи шаш моҳи соли равон беш аз 81 миллион сомонӣ ва 18 миллион доллари баяғморафтаро ошкор карда, 55 миллиони онро ба хазинаи давлат баргардониданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат беш аз 3 ҳазор тафтишот гузаронида шуд ва рӯшан гардид, ки аз ҳама бештар қонуншиканиҳо дар бахши истифодаи замин содир шудааст. Дар робита ба ин алайҳи 177 нафар парвандаи ҷиноӣ боз ва 296 гектар замин ба соҳибони аслияшон баргардонида шуд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз оғози сол дар кишвар 6,4 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла, 70 куштор содир шудааст. Ӯ афзуд, ки сатҳи ҷурму ҷиноят назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5 дар сад пойин рафтааст. Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, дар ҷараёни аттестатсияи кормандони додситонӣ 15 нафар аз мақом барканор ва 11 нафар ба вазифаҳои сатҳашон пойинтар гузаронида шудаанд. 12 додситон ва 3 муовини додситон, ки зердастонашон бо иттиҳоми фасоду ришват боздошт шуда буданд, курсиҳои худро тарк намуданд.
XS
SM
MD
LG