Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Равшан»-и Кӯлоб футболро ба муштзанӣ табдил дод


Ду бозии даври 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, пас аз се бохти паиҳам ин дафъа дар майдони худ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ, ки 12-уми июл дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 3000 мухлис баргузор шуд, комилан бо бартарии мизбонон гузашт.

Футболбозони «Вахш» дар нимаи аввали дидор ду бор имкони хуби голзанӣ доштанд. Вале дар дақиқаи 24-ум тӯби аз ҷарима задаи Меҳроб Заҳурбековро дарвозабони «Равшан» Неъмат Тошев баргардонд. Дар дақиқаи 36-ум Рустам Усмонов, ҳамлагари «Вахш», бо дарвозабони меҳмонон як ба як баромад ва зарбааш хато рафт.

Нимаи дуввуми бозӣ низ бо ҳуҷумҳои паиҳами қӯрғонтеппагиҳо гузашт, вале танҳо дар дақиқаи 89-ум тӯб вориди дарвозаи «Равшан» гардид. Ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов тӯби аз самти рост ба ҷаримагоҳ задаи Рустам Хоҷаевро бо сараш ба тӯри дарвоза равон кард. Ин голи зебову ягона тақдири бозиро ба фоидаи «Вахш» ҳал намуд.

Вале, мутаассифона, рафтори ношоями бозигарони «Равшан» дар нимаи дуввуми бозӣ табъи мухлисонро хира кард. Меҳмонон майдони футболро ба майдони муштзанӣ табдил дода, на танҳо доварон, ҳамчунин, баъзе аз футболбозони «Вахш»-ро низ латукӯб карданд.

Сардовар Рустам Холов (аз шаҳри Душанбе) ду нафар бозигарони «Равшан» - Индус Ҳусейновро дар дақиқаи 75-ум ва Фирдавс Абдуллоевро дар дақиқаи 77-ум аз майдон ронд. Меҳмонон бо 9 нафар бозиро анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки доварон бо сарварии Рустам Холов аз ӯҳдаи вазифаашон бахубӣ баромада натавонистанд. Бахусус сардовар ба хатоҳои зиёд роҳ дод. Ӯ ҳатто голи дар дақиқаи 76-ум аз ҷарима, аз масофаи тахминан 45-50 метр ба самар расондаи ҳимоятгари «Вахш» Алексей Неъматовро ҳисоб накард. Ба гуфтаи сардовар дарвозабони меҳмонон ҳанӯз ҷояшро нагирифта будааст. Ҳол он ки Алексей Неъматов пас аз ҳуштаки сардовар зарба зад.

Дарвоқеъ дар мусобиқаи имсола Рустам Холов барои бори дуввум дар бозиҳои «Вахш» вазифаи сардоварро ба ӯҳда дошт ва дар бозии қӯрғонтеппагиҳо бо «Хуҷанд» (6-уми июн дар шаҳри Хуҷанд) низ бозиро хуб идора карда натавонист ва ин боиси ҷанҷолу кашмакашҳои мизбонону меҳмонон гардид.

Пӯлод Қодиров, нозири бозии «Вахш» - «Равшан», намояндаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, мо дар бораи рафтори ношоистаи футболбозони «Равшан» ба федеросиюн гузориш медиҳем ва ин масъала, бешак, мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз ин воқеаи нохуш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, дастаи "Равшан" бар асоси гузориши нозири бозӣ ва низомномаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишвар дар кумитаи интизоми федеросиюн баррасӣ мешавад ва гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Дар бозии дигари даври 15-ум дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ду голи мизбононро Парвиз Оев ва Руслан Таваккалов, як голи меҳмононро Шуҷоат Неъматов ба ҳадаф расонданд.

Ду бозии охирини даври 15-ум бегоҳи 13-уми июл байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.

Ҳоло «Регар» ТадАЗ бо 31 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона аст. «Истиқлол», ки 28 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Вале «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ - як бозӣ бештар анҷом додааст. «Вахш» бо 24 имтиёз аз 14 бозӣ дар ҷои севум ва «Хайр»-и Ваҳдат бо 23 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷои чаҳорум мебошанд.

Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст ва дар ҷои охирин қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 13-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

11

10

1

0

39-5

31

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

4

0

27-8

28

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

3

4

17-13

24

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

13

7

2

4

23-17

23

5.

«Энергетик» (Душанбе)

14

4

3

7

17-23

15

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

12

3

4

5

12-19

13

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

12

3

2

7

15-23

11

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

1

5

5

13-22

8

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

13

0

2

11

6-38

2


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 11, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.
XS
SM
MD
LG