Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, кишвари Арабистони Саъудӣ саҳмия ё меъёри зоирони Маккаву Мадина аз Тоҷикистонро афзоиш додааст.

Имсол 5500 нафар аз Тоҷикистон имкон хоҳанд дошт, то фаризаи ҳаҷро ба ҷо биоранд. Дар соли гузашта барои Тоҷикистон 5200 нафар зоир муайян шуда буд.

Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи дини Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки меъёри фиристодани зоирон вобаста ба шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат муқаррар карда шуд.

Ӯ гуфтааст, ки «айни ҳол шӯъбаи хаҷи кумита дар паи тақсим кардани квотаҳо ба вилоятҳову ноҳияҳои ҷумхурӣ мебошад».

Рафтан ба ҳаҷ ва ё зиёрати Макка, ки яке аз фароизи мазҳабии мусалмонон маҳсуб мешавад, ҳамасола сарусадо ва мушкилотеро дар Тоҷикистон дар пай дорад. Ва яке аз масъалаҳо, теъдоди зиёди хоҳишмандони зиёрат, вале меёъри андаки муқарраршуда барои зоирони Тоҷикистон мебошад.

Аз ин хотир, дар гузашта фиристодан ба ҳаҷ низ то ҷое ба як масъалаи фасодбарангез табдил шуда буд. Бархе ширкатҳо ва ё афроди ҷудогона бо баҳонаи бурдани зоирон пул меғундоштанд, аммо саранҷом бо ҳар далеле муваффақ ба бурдани зоирон намешуданд.

Дар ин робита, то кунун мақомоти марбутаи Тоҷикистон чандин парванда боз кардаанд ва то ҳол чандин нафар ҳам дар ин замина маҳкум шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG