Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Молдова қонуни "Рӯзи ишғоли Шӯравӣ"-ро лағв кард


Михай Ғимпу, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Молдова

Михай Ғимпу, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Молдова

Михай Ғимпу, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Молдова, дар сӯҳбати ихтисосии телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими додгоҳи олии кишвар дар бораи лағви қонун дар бораи ҷашни “Рӯзи ишғоли Молдова аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ” ҷанбаи сиёсӣ дошт.

Оқои Ғимпу афзуд, ки танҳо баъд аз омӯзиши сабабҳои лағви ин қонун аз ҷониби Додгоҳи қонуни асосии Молдова мавқеашро баён хоҳад кард.

Моҳи гузашта Ғимпу қонуни баҳсбарангезеро содир карда рӯзи 28 июнро “Рӯзи ишғоли Молдова аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ” эълон карда буд.

Ғимпу ба радиои Озодӣ гуфт, ки талошҳои ӯ барои эъломи 28 июн ҳамчун рӯзи расмии аз ҷониби нерӯҳои шӯравӣ солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон ишғолшавии қаламравҳое, ки имрӯз ҳамчун Ҷумҳурии Молдова маъруф аст, дастгирии зарурии ҳампаймононаш аз эътилофи сегонаи ҳукумрони кишвар касб накард.

Вокуниши аҳзоби мухолиф

Ба вижа як узви эътилоф ҳизби демократии кишвар қарори иҷрокунандаи вазифаи президентро мавриди интиқод қарор дод. Раҳбари ин ҳизб Мариана Лупу аз номзадони эҳтимолӣ ба мақоми раисиҷумҳур маҳсуб мешавад. Дар тафовут аз дигар аҳзоби рӯ ба Руминияи эътилофи ҳукмрон, ҳизби хонум Лупу ҷонибдори робитаҳои мустаҳкам ва собит бо Русия аст.

Ҳизби шӯравии Молдова дирӯз тасмими додгоҳро истиқбол намуда дар баёнияаш гуфтааст ки қарори додгоҳ мантиқ дорад, чун ки Ғимпу ошкоро қонуни асосии кишварро поймол кардааст.
Додгоҳи олии Молдова тасмимашро як ҳафта пас аз шикояти ҳизби шӯравӣ дар робита ба қарори Ғимпу эълон намуд.

Стефан Урату, мушовири оқои Ғимпу, дар мавриди тасмими додгоҳ изҳорӣ таассуф намуда, бо вуҷуди ин гуфт, ки қарор ба ҳадафаш расидааст ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба гузаштаи мушкили шӯравии Молдова ҷалб намудааст.

Додгоҳ: Қарори Ғимпу хилофи қонуни асосист

Дар баёнияи Додгоҳи қонуни асосӣ гуфта мешавад, ки қарори Ғимпу кӯшише барои арзёбии ҳуқуқии ҳодисаҳои сиёсӣ ва таърихӣ мебошад ва ба ҳамин сабаб ҳам хилофи қонуни асосист.

28 июни соли 1940 тибқи аҳднома бо Олмони фашистӣ Иттиҳоди шӯравӣ минтақаҳои шарқии Руминия аз ҷумла Молдоваи имрӯзаро ба тасарруфи худ дароварда буд. Як сол баъд аз ин замони ҳамлаи Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ Руминия заминҳояшро дубора баргардонд.

Аммо баъд аз анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳон артиши сурх ба Молдова баргашт ва ин ҷумҳурӣ дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ то фурӯпошиаш дар соли 1991 ва эълони истиқлолияти Молдова боқӣ монд.

Арзёбии ин ҳодисаҳо ҷомеаи кишварро ба ду қисм тақсим мекунад. Баъзе сокинони рӯ ба Руминияи Молдова онро ишғоли Иттиҳоди Шӯравӣ мехонанд ва аммо қисмати дигарӣ ҷомеа мегӯяд, ки артиши сурх онҳоро аз режими фашистӣ озод кардааст.
XS
SM
MD
LG