Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи ширкатҳои Чин дар Душанбе


Дар толори «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ зери номи «Маҳсулоти содиротии ширкатҳои ноҳияи Шинҷону Уйғури Чин - 2010» ифтитоҳ ёфт. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Департаменти тиҷоратии Чин аз мубтакирони ин иқдом ба шумор мераванд.

Ба гуфтаи масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ муддати се рӯз идома пайдо карда ва беш аз 70 ширкати минтақаи Шинҷону Уйғури Чин тавлидоти саноатӣ, мошинолот, таҷҳизоти маишӣ, сохтмонӣ, кишоварзӣ ва ғайраро ба намоиш мегузоранд. Тобистони соли гузашта нахустин намоишгоҳи тавлидоти ширкатҳои Шинҷону Уйғури Чин дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сурат гирифта буд.

Таҳкими равобит бо Шинҷону Уйғур

Аммо ин намоишгоҳ дар ҳоле баргузор мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як моҳи пеш ба ин минтақаи Чин сафар дошт. Вай муддати се рӯз бар иловаи дидору гуфтугӯ бо масъулони ноҳияи мухтори Шинҷону Чин ва ширкат дар ҳамоиши муштараки бозаргонони тоҷику шинҷонӣ, ҳамчунин бо дастовардҳои иқтисодӣ ва санъатии шгиркатҳои ин минтақа ошно шуд.

Дилшод Мирсаидов, сардори раёсати намоишгоҳҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории ин намоишгоҳро маҳсули сафари президент ба ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин арзёбӣ кард: «Воқеан дар ҷараёни ин сафар тавофуқ шуда буд, ки намоишгоҳи тавлидоти ширкатҳои чинӣ дар Душанбе баргузор шавад. Ба ин хотир ин тарҳ амалӣ мешавад ва аз як сӯ дар ҷиҳати густариши равобиту ҳамкориҳои ду кишвар нақши умда бигзорад, аз тарафи дигар фурсати хубест, ошноии корхонаҷоту ширкатҳои Тоҷикистон бо дастовардҳо ва пешрафтҳои ширкатҳои чинӣ».

Ин дар ҳолест, ки дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ мулоқоти масъулони корхонаҷоту ширкатҳои Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз ноҳияи мухтори Шинҷон дар назар аст ва интизор меравад, қарордодҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон интизор доранд, ки дар муддати се рӯз, сокинону меҳмонони шаҳри душанбе ва тоҷирону бозаргонон аз ин намоишгоҳ дидан хоҳанд кард. Зеро ба гуфтаи ин масъулон маҳсулоти ширкатҳои чинӣ бо арзонтарин нарх ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад.

Нуфузи Чин дар бозорҳои Тоҷикистон

Ин дар ҳолест, ки 90 дарсади колоҳо дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон тавлидоти чинӣ аст. Ба қавле, бозори Тоҷикистонро таҳти тасарруф даровардааст. Аммо нигаронии бархе аз сокинон аз он аст, ки ба дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин намоишгоҳҳо умдатан молу колои пастсифати чинӣ ворид карда мешавад.

Обиди Маҳмадқул, коршиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд, «албатта тоҷирони тоҷик кӯшиш мекунанд то бору колои арзонро аз Чин биёранд. Мардум низ медонанд, ки ин мавод дуввумдараҷа аст, вале чун арзон аст, аз он харидорӣ мекунанд. Мардум мехоҳанд, чизи босифат, вале арзон бихаранд. Аз ин хотир ташвиши онҳо аз ин аст, ки моли Чин арзон ҳам бошад, вале сифати хубе надорад. Колоҳое, ки дар аксари намоишгоҳҳо низ гузошта мешавад, ҳамон моли, ба қавле, дасти дуввум ё сифатташ на он қадар хуб аст».

Аммо дар як моҳи ахир ин дуввумин намоишгоҳи тавлидоти ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя аст, ки дар шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад. Чанду қабл дуввумин намоишгоҳи байналмилалии пешрафтҳои иқтисодии Афғонистон дар толори Кохи «Борбад» сурат гирифт.

Мушкили баргузории намоишгоҳҳо дар Душанбе

Аз Дилшод Мирсаидов, сардори раёсати намоишгоҳҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, мепурсам, ки оё бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон пур аз молу колои Чин аст, беҳтар нест, то тавлидоти ширкатҳои бузургтарини кишварҳои аврупоӣ ва ё ҷопонӣ дар Душанбе доир карда шавад, то маҳсулоти онҳо дар бозорҳои Тоҷикистон пайдо шавад.

Вай мегӯяд, «сабаби аслӣ дар набудани макони баргузории намоишгоҳ аст. Мутаассифона, мо то ҳол имконияти ба таври бояду шояд баргузор кардани намоишгоҳи тавлидоти ширкатҳои аврупоӣ ва хориҷи дурро надорем. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон талош дорад ва умедвор аст, ки чунин як толори бузургеро дар ихтиёр дошта бошад, то барои баргузории намоишгоҳи байналмилалии тавлидоти ширкатҳои бузургтарини саноатӣ ва тиҷоратӣ шароит фароҳам шавад».

То он замоне, ки чунин имконият даст диҳад ва тавлидоти ширкатҳои аврупоӣ бештар вориди бозори Тоҷикистон шавад, Чин нуфузи тиҷоратӣ ва иқтисодиашро дар Тоҷикистон ҳамчунон тақвият хохад дод. Ин аст, ки ин кишвар, на танҳо ҳамсояи Тоҷикистон, балки муҳимтарин сармоягузори иқтисоди ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ҳамакнун тибқи иттилои расмӣ Чин то кунун ҳудуди 2 миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Табодули коло сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст. Танҳо дар давоми соли гузашта гардиши колои миёни Тоҷикистон ва Чин ба 1,5 миллиард доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG