Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон сарҳанги пулис террор шуд


Шоми дирӯз як сарҳанги нируҳои пулис дар Хасавюрти Доғистон аз сӯи афроди номаълум террор шуд. Вай ҳангоми ҳаракат дар мошин дар роҳи миёни Хасавюрт ва Ақсай ҳадафи тир қарор гирифт. Як нафари дигар, ки бо вай дар мошин ҳамроҳ буд, сахт маҷруҳ шудааст. Пулис расидагӣ ба ин ҳодисаро оғоз кардааст ва мегӯяд, куштори сарҳанг ба фаъолияти кории вай иртибот дорад. Дар минтақаи Қафқози Русия кормандони интизомӣ зуд-зуд ҳадафи ҳамлаи тундравҳо қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG