Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи Чин ифтитоҳ мешавад


Имрӯз дар толори «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ зери номи «Маҳсулоти содиротии ширкатҳои ноҳияи Шинҷон-Уйғури Чин - 2010» ифтитоҳ мешавад. Масъулони Утоқи тиҷоратӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯянд дар ин намоишгоҳ, ки муддати се рӯз идома хоҳад дошт, маҳсулоти беш аз 70 ширкати минтқаи Шинҷон-Уйғури Чин ба намоиш гузошта мешавад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин минтақаи Чин сафар кард ва ҳамзамон бо дидору гуфтугӯ бо мақомоти Шинҷону Уйғур дар ҳамоиши муштараки бозаргонони тоҷику шинҷонӣ ширкат кард. Вай ҳамчунин бо фаъолияти корхонаҷоту ширкатҳои тавлидии он ошно шуд. Ин дар ҳолест, ки Чин ба унвони ҳамсояи Тоҷикистон то кунун ҳудуди 2 миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG