Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи кушташудагон дар Уганда ба 74 нафар расид


Шумораи кушташудагон дар ду инфиҷори шаби якшанбе ба душанбе дар Кампалаи Уганда ба 74 нафар расид. Ин инфиҷорҳо замоне рух додааст, ки мухлисони футбол барои тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол аз телевизион дар тарабхона ҷамъ шудаанд. 70 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Амрико низ будааст. Шайх Муҳаммад Алӣ Раге-сухангӯи гурӯҳи тундрави Сомалӣ бо номи ал-Шабоб гуфтааст, ин гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳоро бар душ мегирад. Нируҳои Уганда дар Сомалӣ чун нируҳои посдори сулҳ мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG