Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишии волидайн барои таҳсили бепули фарзандон


Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия дар бораи ҳали масъалаҳои нуфус ё густариши бӯҳрони демографӣ мунозираҳоро идома медиҳад, падару модарон дар саросари Русия бар зидди набуди муассисаҳои томактабӣ эътироз мекунанд. Дар охири ҳафта як ҷунбиши шаҳрвандӣ бо номи "Таҳсили томактабӣ барои кӯдакони Русия" се рӯз дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дар Улан-Уде, вилояти Маскав, Архангелск ва Новосибирску Иркутск даст ба гуруснанишнӣ зад. Ин гуруснанишинӣ дирӯз ба поён расид. Волидайн тақозо мекарданд, ки ба фарзандони онҳо ҳақи таҳсили бепул дода шавад.
XS
SM
MD
LG