Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини ҳукумати муваққатии Қирғизистон истеъфо дод


Дирӯз Жумарт Сапарбаев-муовини раиси ҳукумати мувақатии Қирғизистон аз мақоми худ истеъфо дод. Вай эълон кард, ки ҳадаф аз чунин тасмимаш ин будааст, ки битавонад дар интихоботи порламонӣ ширкат ҷӯяд. Сапарбаев аз муттаҳидони Омурбек Тикебаев аст. Вай гуфтааст, Тикебаев мехоҳад ба унвони раиси ҳизби Ата Мекен дар интихоботи порламонии моҳи октябр ширкат ҷӯяд. Ба гуфтаи Сапарбаев, қарор аст имрӯз Тикебаев дар ин бора ба таври расмӣ тамсисми худро эълон кунад. Қаблан Темир Сариев-кафили вазири молия ва муовини раиси ҳукумати муваққатӣ низ барои ширкат дар интихобот аз истеъфои худ хабар дод.
XS
SM
MD
LG