Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории президентҳои Арманистону Озарбойҷон аз мулоқот


Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони ҳафт кишвари Шӯравии собиқ дар Ялтаи Украина раҳбарони Арманистону Озарбойҷон аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо якдигар худдорӣ карданд. Дафтари Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон гуфт, дар ин мулоқот раҳбарони кишварҳо "ҳамгероии иқтисодӣ" дар чаҳорчӯбаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро баррасӣ кардаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, оқои Саркисян мулоқотҳои алоҳида бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва бо раиси ҷумҳури Русия анҷом надодааст. Серж Саркисян ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон гаҳ гоҳе аз чунин мулоқотҳо барои баррасии масъалаҳои Қарабоғи Кӯҳистонӣ истифода мекарданд. То ҳол гоҳ-гоҳ дар марзи миёни ин ду кишвар задухӯрдҳои алоҳида рух медиҳад. 18-ӯми июни соли ҷорӣ 4 сарбози Арманистон ва як сарбози Озарбойҷон дар як задухӯрд кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG