Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми Думаи Давлатӣ барои ришваситонӣ боздошт шуд


Бино ба гузориши бахши русии радиои Озодӣ, як мақоми расмии Думаи Давлатии Русия барои ситонидани ришва боздошт шудааст. Иддао мешавад, ки вай 70 000 доллар ришва гирифтааст. Як корманди бахши амнияти иқтисодии вазорати дохилаи Русия гуфтааст, Виктор Сохацкий- корманди Дума ин маблағро чун ришва барои он бояд мегирифт, ки аз анҷоми муҳосиба дар як клуби шабонаи Маскав пешгирӣ кунад. Кормандони интизомӣ бояд дар ин клуби шабона муҳосиба ё аудит анҷом медоданд. Сохацкий дар истгоҳи мошинҳо боздошт шуд, ҳангоме, ки барои гирифтани ин маблағ мешитофт.
XS
SM
MD
LG