Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поланскиро ба Амрико истирдод намекунанд


Вазорати адлияи Швейтсария дархости истирдоди Роман Поланскӣ коргардони маъруфи лаҳистонӣ ба Амрикоро рад кард, зеро ба гуфтаи вазорат, далелҳои кофӣ барои иҷрои ин дархост пешниҳод нашудааст. Иёлоти Муттаҳида, Роман Поланскиро ба робитаи ҷинсӣ бо духтари 13-сола дар соли 1977 муттаҳам мекунад ва саъй дорад, то ӯро барои адои ҳукми ҷазо ба Амрико баргардонад. Вазорати адлияи Швейтсария гуфт, Амрико ҳукми радди истирдоди Поланскӣ ба Иёлоти Муттаҳидаро пазируфтааст. Роман Поланскӣ, ки баъди ин ҳукм аз ҳабси хонагӣ дар Швейтсария раҳо карда мешавад.
XS
SM
MD
LG