Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни бомбгузории Уганда афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ дар пойтахти Уганда шаҳри Кампала афзуда ва ба 74 нафар расидааст. Фред Ополот, сухангӯи ҳукумати Уганда имрӯз гуфт, дар ин ҳамла ду бомбгузори интиҳорӣ ширкат доштаанд. Инфиҷорҳо рӯзи якшанбе дар ду ресторани пуродам, ки мусобиқоти ҷаҳонии футболро тамошо мекарданд, сурат гирифт ва бештар аз 70 тани дигар маҷрӯҳ кард. Гурӯҳи тундрави Ал-Шабоби Сомалӣ, ки як ҳалқаи Ал-Қоида маҳсуб мешавад, масъулияти бомбгузориҳоро бар ӯҳда гирифт. Сарбозони Уганда дар ҳайъати нерӯҳои посдорони сулҳи Иттиҳодияи Африқо дар Сомалии ноором хидмат мекунанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ин бомбгузориро "зишту буздилона" хонда ва маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG