Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки «Қонуни масъулияти падару модар» таҳия шуда ва ба зудӣ қабул хоҳад шуд. Ӯ зарурати қабули чунин қонунро дар ба паст будани сифати таълим ва ба бетаваҷӯҳии падару модарон медонад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бовар дорад, ки бо қабул шудани ин қонун вазъи соҳаи маъориф беҳтар хоҳад шуд.

«Ман боварии комил дорам, ки ин ҳуҷҷат ба ҳукумат пешниҳод мешавад, дастгирӣ меёбад бад он ки ин қонун амалӣ мешавад кори мактау маориф беҳтар мешавад ва масъулияти мактабу падару модарон бештар мешавад».

Муслима Назарова, омӯзгор аз тарҳи қонуни нав истиқбол мекунад ва мегӯяд, ки солҳои ахир робитаи мактабу оила пош хӯрда буд.
Падару модари имрӯз ба тозагӣ, саломатӣ, шароити созгор барои омӯзиши фарзандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд ва мактабро гунаҳкор медонанд.

«Бепарвоии онро мо бештар дар бо бахонаи кори давлат иштирок накардан дар маҷлисхои падару модарон мушоҳида мекунем шояд қонуни нав барои ин мусоидат кунад».

Аммо, дар Тоҷикистон баъзе падару модарон системаи мактабу маориф ва омӯзгоронро сабабгори тарбияи нокомили фарзандонашон медонанд.

"Об аз боло лой аст"

Дилрабо, як модари ҷавон мегӯяд, ки ҳар моҳ барои таҳсили мактаби миёна ба ду фарзанди наврасаш 100 сомонӣ пардохт мекунад. Кӯдаконаш 8 соат дар мактаб ҳастанд, аммо сатҳи саводашон хеле поийн аст ва модарро қаноъатманд карда наметавонад.

«Вақте ки мактабҳо пулакӣ шудану мо дар фикри пайдо кардани пули мактаби онҳо ҳастем, бояд хонанд омӯзгорон ҳам ҷиддӣ бошанд, Аммо, ин тавр нест. Талаботи пешина нест ҳозир, чӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ ва чӣ олӣ таълим нест. Ин нодуруст аст, ки падару модарон масъулият надоранд ва ё масълуиятшинос нестанд. Ба фикри ман, худи омӯзгорони мо масъулият надоранд. Фақат барои рӯзгузаронӣ омӯзгорон мактаб мераванд».

Хонум Дилрабо мегӯяд, омӯзгорон ҳар қадар ба истилоҳ пора ҳадя гиранд, ҳамон қадар шогирдонашонро назди падару модар таъриф мекунанд ва дар рӯзномаҳои шогирдон баҳои панҷу чаҳорро зиёд мемонанд, аммо дар асл саводи шогирдон ба баҳои панҷу чаҳор арзанда нест. Ба гуфти ҳамсӯҳбатам об аз боло лой аст, яъне агар раҳбарони мактабҳову идораҳои маориф аз ин раванд нафъе намебардоштанд, шояд бар зидди пулситонии муаллимон мубориза мебурданд.

Назирмад Акрамов ҷомеашиносӣ мегӯяд, ки дар деҳот хонандагон пойи луч ва бидуни китобу дафтар ба дарс ҳозир мешаванд. Садҳо нафар падарон, ки решаи асосии тарбия ба онҳо бастагӣ дорад, солҳо дар муҳоҷирати кори буда, муддати тӯлонӣ аз назорати таълими фарзандон канор мемонанд. Бахши аъзами дигари падару модарон, ки дар кишвар мондаанд, савод надоранд ва паст будани сатҳи маърифати онҳо низ ба тарбияи фарзандон таъсири калон дорад.

"Қонуни масъулияти муаллим низ бояд қабул шавад"

Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Зиндагӣ» бар ин назар аст, ки ин иқдоми вазорати маориф дар самти беҳтар кардани соҳа хуб аст. Аммо иллат ин аст, ки имрӯз тамоми таъмиру тармими муассисоти маориф аз ҳисоби пули муҳассилин, ки мустақим дар вақти таҳсил ҷамъоварӣ мешавад, пардохт мегардад.

«Падару модарон ҳам бояд, аз омӯзгорон талаб кунанд, ки то куҷо омӯзгорон ба талаботи омӯзгорӣ сатҳи маърифат ҷавобгӯ ҳастанд. Ва ё имрӯз тамоми бори тармиму таъмири ҳатто то доска харидан ба зимаи падару модар аст. Модоме, ки ин қонунро барои падару модарон муқарар кардаанд, бояд омӯзгорон ҳам дар назди волидайн дар бораи харҷу хароҷоти маблағҳо ва сифати корашон ҳисобот диҳанд».

Оқои Мирзо мегӯянд, ки маориф сутуни ҳар як давлат аст ва Тоҷикистон бояд низоми маорифро ба тақозои асри 21 мутобиқ кунад. Новобаста ба он, ки ин ислоҳот ба воситаи маҷбур намудани волидайн иҷро мешавад ва ё афзудани масъулияти муаллимон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG