Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти порлумони Ироқро ба таъхир андохтанд


Бо онки вакилони мардумии Ироқ дар мавриди таъсиси ҳукумати нав ба мувофиқа нарасиданд, ҷаласаи порлумони ин кишвар ба таъхир андохта шуд. Дар интихоботи 7 март дар Ироқ ҳеҷ яке аз аҳзоб раъйи кофӣ барои таъсиси ҳукумат ба даст наёвард ва ҳукумат ҳам то кунун ташкил нашудааст. Қарор буд, ҷаласаи порлумон рӯзи сешанбе баргузор шавад, аммо Ёнадам Канно, вакили масеҳии порлумон гуфт, “бинобар, адами созиш миёни ҷиноҳҳои сиёсӣ ва таъсиси эътилофҳои қодир ба ташкили ҳукумат” ҷаласа ба таъхир андохта шуд. Нахустин ҷаласаи порлумон моҳи июн баргузор шуд. Ҳизби Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқи Ироқ, эътилофи сиёсии Нурӣ Ал-Моликӣ нахуствазири феълиро дар интихобот ақиб гузошт ва ҳоло ҳарду саъй доранд, ба ҷалби тарафдории ҷиноҳҳои дигар ҳукуматро таъсис диҳанд.
XS
SM
MD
LG