Пайвандҳои дастрасӣ

Бо фаро расидани мавсими қабул ба мактабҳои олии Тоҷикистон баҳси бидуни ришва метавон донишҷӯ шуд ё не, доғ шудааст. Аммо вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои "бачаҳои босавод" ҷой дар донишгоҳҳо пайдо мекунад.

Хонум Шаҳодат умедвор аст, ки имсол духтараш ба яке аз донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дохил мешавад. Худи ӯ дар замони шӯравӣ аз Бадахшон ба Самарқанд рафта, ба донишгоҳ дохил шуд ва онро хатм намуд. Вале акнун нонфурӯшӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дохил шудан ба мактаби олӣ кори сода нест.

Шаҳодат мегӯяд: «Мехоҳам, ки духтарам ба шӯъбаи буҷавӣ дохил шавад. Худамон шароит ҳам надорем. Агар бо дониши худ дохил шавад, хуб, агар не, шароит надорам. Як писари дигарам дар Донишгоҳи миллӣ мехонад. Вай ҳам бо дониши худ дохил шуда буд. Донишҳояшон хубу лекин ҳарчӣ шуданаш мумкин»

Нозигул, як довталаб дар Донишгоҳи миллӣ низ дар посух ба суоли «Озодӣ» «оё барои дохил шудан ба донишгоҳ дониш бештар зарур аст ё ришва?» гуфт:

«Ҳардуяш зарур аст. Бесаводӣ ҳам қобили қабул нест, бемаблағӣ ҳам»

Дохил шудан ба макотиби олӣ тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ мушоҳида мешавад. Дар ибтидо ин дар шакли маҳалгароиву тағобозӣ, яъне ҷалби ҳаммаҳалҳо ва хешовандон аз сӯи омӯзгорон маъмул буд. Баъдтар омӯзгоре, ки дар ин замина хизмати водилайни довталабро адо мекард, ба тарабхона даъват мешуд. Нишонаҳои аввалини ришваситонӣ ҳангоми қабули довталабон дар ду даҳсолаи охири мавҷудияти давлати шӯравӣ падид омаданд. Аммо дар даврони истиқлолият ришваситониро падидаи маъмулие унвон мекунанд, ки ҳангоми имтиҳонҳои воридшавиву ҷориву хатми донишгоҳ мушоҳида мешавад. Ҳоло ҳаҷми ришва барои дохилшавӣ, ба қавли волидайне, ки аз сӯҳбат бо микрофон худдорӣ карданд, аз 2 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Назари вазир

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон вуҷуди ришваситонӣ дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистонро рад накард, аммо гуфт, барои афроде, ки дониши кофӣ доранд, аммо маблағ надоранд, дари тамоми шӯъбаҳои буҷавии донишгоҳҳои кишвар боз аст:

«Роҳи бачаи басаводро ягон кас гирифта наметавонад. Ин тамоман дурӯғ аст, ки одами басавод дохил шуда наметавонад. Мо зиёд аз падару модари камбизоат мешунавем, ки барои шӯъбаҳои буҷавӣ моро сипосгузорӣ мекунанд»

Зимнан, Рустам Одилов, падари Ҳидоятуллои Рустам, ки тариқи квотаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба донишгоҳи тиббӣ, мушкилтгузартарин донишгоҳ дар баробари Донишгоҳи миллии кишвар дохил шудааст, мегӯяд, писараш бо нерӯи худ имтиҳонҳояшро супурд ва дар имтиҳонот ҳатто худи ӯ ширкат надоштааст:

«Мардум ҳайрон шуданд, ки ин бачаи камбағале, ки ягон пушту паноҳ надорад, чӣ тавр ин квота аз миёни қариб 10 нафар гирифт. Пештар дониш доштан кам буд ва бо дониш дохил шудан ҳам имкон надошт. Аммо ин дафъа ҳамааш шаффоф буд»

Назари коршинос

Дар ҳамин ҳол, Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик мегӯяд, сад дар сад бо суханони вазири маорифи Тоҷикистон мувофиқ аст, аммо ин довталаби босаводро аз куҷо метавон пайдо кард, вақте теъдоди онҳо дар саросари кишвар хеле маҳдуд аст? Оқои Маҳмуд гуфт, аз ин хотир бесаводон хоҳ-нохоҳ бо ришва ворид мешаванд:

«Мушкилот сари мактабҳои миёнаву кӯдакистонҳост, ки дар он ҷо омӯзгорону мураббиёни ҳирфаӣ намерасанд ва табиист, ки аз онҳо шогирдони бесавод ба воя мерасанд, ки имрӯз ба шӯъбаҳои шартномавӣ ва бо роҳҳои дигар шомили донишгоҳҳо мешаванд»

Ба назар мерасад, дар марҳалаи кунунӣ роҳи ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ вуҷуд надорад. Оё ҳамин тавр аст? Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, ягона роҳи ҳал тақвият бахшидани мактабу кӯдакистонҳо аст.

Шарифбек Шарифов, корманди раёсати пешгирии коррупсияи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон мегӯяд, се моҳи охири соли таҳсил ин ниҳод ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар миёни донишҷӯёну устодон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд, то яке ришва надиҳаду дигарӣ онро наситонад. Вай афзуд, бояд дар ин мубориза ҳама ҷонибҳо бо мақомот ҳамкорӣ кунанд:

«Коррупсияи имрӯзаи мактабҳои олӣ бояд ҳар як равшанфикрро бетараф нагузорад, зеро аз ҳама бадбахттар он миллатест, ки аҳли зиёаш огоҳона ба селоби фасод ҳамроҳ мегардад».

Имтиҳоноти қабул зери назари мақомоти амниятӣ

Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, раванди имтиҳонсупориҳо шурӯъ аз дохилшавӣ то нимсолаҳову хатми макотиби олӣ таҳти муроқибати шадиди ниҳодҳои амниятӣ қарор хоҳанд дошт:

«Боз фармони раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора содир шудааст. Албатта, ин ба инсофи ҳамон омӯзгор вобаста аст, ки баъд аз ин қадар таъкидҳо боз ба чунин омол даст мезананд».

Вазири маорифи Тоҷикистон ва низ Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон аз теъдоди устодон ё шогирдони бо иттиҳоми ришваситонӣ ё ришвадиҳӣ боздоштшуда иттилоъ надоданд.

Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, сохтори мавҷудаи маориф, аз ҷумла бар ин сармоягузории ғайриқонунӣ пойдор аст. Ба эътиқоди онҳо, ин вазъ то замони номаълуме идома хоҳад кард, агарчи тадобир алайҳи он меафзоянд, аммо боз роҳҳои нави ба даст овардани он пайдо мешаванд, тавре аз ибтидо буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG