Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ҳавопаймои Тоҷикистонро як соат маътал кард


Масъулини фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ду рӯз қабл як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз ин фурудгоҳ ба самти Русия парвоз мекард, ба мӯҳлати 1 соат дар ҳарими ҳавоии Узбакистон роҳбанд монд ва иҷозаи хориҷ шуданро наёфт.

Қурбон Сафаров, муовини раиси фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ҷониби Узбакистон бо далели ин ки дар дастгоҳҳои мавҷигириаш рақами иҷозатномаи ҳавопаймо барои убури ҳарими ҳавоӣ рӯшан нашудааст, ба чунин амал даст задааст.

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, давоми як соати музокира ҳавопаймо дар фазои Узбакистон парвоз намуда, 3 тона сӯзишворӣ сарф кардааст. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса аввалин бор сурат мегирад ва ҳавопаймоҳои дигар, чӣ дар гузашта ва ҳоло бемушкил аз ҳарими ҳавоии Узбакистон танҳо бо гирифтани иҷозатнома убур мекунанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки чанде қабл ҷониби давлати Узбакистон эълон дошт, ки шартномаи убури ҳавопаймоҳо аз ҳарими ҳавоии худ бо Тоҷикистонро бознигарӣ хоҳад кард.

Инчунин дар ин нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки бо далели мушкили ҳаракати роҳи мошингард ва қатораҳо аз Кӯлоб ба вилояти Суғд, фурудгоҳи Кӯлоб тасмим гирифтааст, то дубора дар ин масир хатсайри ҷадиди ҳавоӣ боз кунанд.

Нуралӣ Ҳамидов, як масъули дигари фурӯдгоҳи Кӯлоб мегӯяд, феълан барои амалӣ кардани ин кор онҳо бо ширкати «Ист-Эйр»-и Арабистони Саудӣ шартнома бастаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо ин ширкат ба мувофиқа расидаанд ва қимати чиптаро ҳатман аз нархи роҳкиро поён хоҳанд кард.

Фурудгоҳи Кӯлоб яке аз се фурудгоҳҳои байналмилалии мусофирбарӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Феълан аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Афғонистон, шаҳрҳои Русия, Чин ва Қазоқистон павроҳо ба роҳ монда шудааст.
XS
SM
MD
LG