Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нодир ва ошкори Медведев дар мавриди Эрон


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз гуфт, Эрон ба тавоноии тавлиди силоҳи атомӣ наздиктар мешавад. Ӯ дар ин бора дар Маскав зимни мулоқот бо сафирони Русия сӯҳбат кард. Теҳрону Маскав баъди ҳимояти Русия аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эрон бо ҳам баҳс доранд. Бисёр кам будааст, ки ҳукумати Русия ошкор эътироф мекунад, ки Эрон қобилияти тавлиди силоҳҳои атомиро пайдо мекунад. Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бим доранд, ки Эрон пинҳонӣ силоҳи атомӣ месозад. Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст.
XS
SM
MD
LG