Пайвандҳои дастрасӣ

Ду вазири аврупоӣ ба Ӯш сафар мекунанд


Интизор меравад, вазирони умури хориҷаи Фаронса ва Олмон рӯзи ҷумъа аз саҳнаи низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дидан кунанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Олмон гуфт, Гуидо Вестервелле бо Бернард Кушнер, ҳамтои фаронсавии худ, пеш аз баррасии дархостҳои кӯмакҳои имдодии Иттиҳодияи Аврупо барои Қирғизистон, ба ҳайси бахши маъмурияти ҳақиқатёбӣ ба шаҳри Ӯш сафар хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот хоҳанд дошт. Дар низоъи байни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн садҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд
XS
SM
MD
LG