Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши дигаре барои афзудани саводи муҳассилини тоҷик


Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири боло бурдани сатҳи пасти дониши муҳассилин, қонуни наверо дар бораи масъулияти волидон нисбат ба таҳсили фарзанд қабул хоҳад кард. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф имрӯз дар Душанбе гуфт, ин қонун волидайнро дар таълиму тарбияти кӯдак расман масъул мекунад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои камсаводии муҳассилин ин аст, ки аксарияти волидон дар таҳсили фарзандонашон танҳо ба мактабу муаллим такя мекунанд. Дар қонуни нав ӯҳдадориҳои волидайн барои тарбияи фарзанд, аз кори берун аз мактаб то омода кардани машқҳои хонагӣ, муайян шудааст. Ба эътиқоди вазири маориф, бо қабули ин қонун метавон, метавон ба босаводтар шудани муҳассилин мусоидат кард.
XS
SM
MD
LG