Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Русия дар мавриди ду ҳунаршинос


Додгоҳи Русия, имрӯз баргузоркунандагони як намоишгоҳи баҳсбарангези рассомиро дар барангехтани адовати мазҳабӣ гунаҳкор дониста ва аз онҳо хост, тақрибан 7 ҳазор долларӣ ҷарима пардозанд. Андрей Ерофеев ҳунаршинос ва Юрий Самодуров, мудири собиқи як осорхона, соли 2007 дар осорхонаи Андрей Сахаров намоишгоҳи “Ҳунари мамнӯъ” –ро баргузор карданд, ки дар он ҳазрати Исои Масеҳ бо сари Миккӣ Маус, қаҳрамони филмҳои тасвирӣ тасвир шуда буд. Барои ин кор Шӯрои мардумӣ, як гурӯҳи миллатгарои ортодокс, баргузоркунандагони намоишгоҳро ба додгоҳ кашид. Андрей Ерофеев қабл аз оғози муҳокима гуфт, тамоми иттиҳомот бофтаву сохта аст. Сенздаҳ, ҳунарманди маъруфи Русия ҳафтае пеш бо нашри номаи саркушода ба Дмитрий Медведев “аз ӯ хостанд, то муҳокимаро фавран хотима диҳад”.
XS
SM
MD
LG