Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш доир ба юриши нерӯҳои Исроил нашр мешавад


Бино ба гузоришҳо, таҳқиқи артиши Исроил нишон додааст, ки низомиёни ин кишвар барои юриш ба киштии кӯмакрасони Навори Ғазза омодагии муносиб надида буданд. Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои таҳқиқи ин юриши маргбори 31 май нашр шавад, ки дар ҷараёни он нӯҳ фаъоли тарафдори фаластиниён ва шаҳрвандони Туркия кушта шуд. Кумиссиёни таҳқиқотии мазкурро Гиора Эйланд, генерали бознишастаи исроилӣ раҳбарӣ мекунад. “Йедиот Аҳронот”, рӯзномаи исроилӣ, бахше аз гузориши кумиссиёнро, иқтибос карда навиштааст, ҳам “дастурҳои ҷангӣ”, ба нерӯҳо ва ҳам иттилоъоти дарёфтӣ ноқис будааст. Исроил мегӯяд, сарбозонаш ба хотири муҳофизати худ, аз мусофирони киштӣ, ки бо оҳану теғ мусаллаҳ буданд, ба сӯи онҳо тир кушоданд. Як кумиссиёни ғайринизомӣ низ ҳодисаи мазкурро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG