Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири шеваи фаъолияти миллатгароёни рус


Як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия мегӯяд, агарчӣ бар асоси омори расмӣ, теъдоди ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезӣ кофиш ёфтааст, аммо ин тамоюли манфӣ ҳамчунон қавист. Ба гуфтаи “Сова” моҳи июни имсол танҳо ду нафар қурбонии гурӯҳҳои миллатгаро шудаанд, агарчӣ дар моҳи июни соли гузашта беш аз 30 нафар ҷабри онҳоро кашида буданд. Александр Брод, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Маскав мегӯяд, гурӯҳҳои миллатгаро пинҳонкор ва ба созмонҳои “террористӣ“ мубаддал шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, миллатгароёни рус, ҳоло шеваҳои фаъолияти худро тағйир дода ба ҷойи аққалиятҳои милливу муҳоҷирон, ба ҳомиёни ҳуқуқ, вакилони дифоъ ва ниҳодҳои интизомӣ ҳамла мекунанд, зеро онҳоро зидди русҳо медонанд.
XS
SM
MD
LG