Пайвандҳои дастрасӣ

Уганда ҳамлаҳоро амали дасти маргталабон хонд


Ҳукумати Уганда мегӯяд, аломатҳо нишон медиҳад, ки дар бомбгузории хунини пойтахт, шаҳри Кампала ду бомбгузори маргталаб ширкат доштааст. Фред Ополот, сухангӯи ҳукумати Уганда дар ин бора гуфт: "“Аломатҳое ҳаст, ки ду нафар ҳамчун бомбгузори интиҳорӣ будаанд, аммо мо дар мавриди он дар ин марҳила шарҳе дода наметавонем.“ Рӯзи якшанбе бар асари инфиҷорҳо дар ду ресторани пуродам, ки мусобиқоти ҷаҳонии футболро тамошо мекарданд, дасти кам 64 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуд. Дар миёни қурбониён хориҷиён, аз ҷумла як амрикоӣ ҳам будааст. То кунун касе масъулияти ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале бовар меравад, ки гурӯҳи тундрави Ал-Шабоби Сомалӣ, ки як ҳалқаи Ал-Қоида маҳсуб мешавад, даст дошта бошад. Сарбозони Уганда дар ҳайъати нерӯҳои посдорони сулҳи Иттиҳодияи Африқо дар Сомалӣ хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG