Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо Исфандиёр Раҳими Машоӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Исфандиёр Раҳими Машшоӣ, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон, дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба гуфтӯгу кардааст. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар ин мулоқот иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар арсаҳои энержӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ ва роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳо баррасӣ шудааст. Эрон дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи барқи обӣ месозад ва ширкатҳои зиёди он низ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон омадааст, таҳкими ҳамкориҳои низомиву фаннӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи ду тараф қарор гирифт. Исфандиёр Раҳими Машоӣ бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG