Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳунаршиносони русро гунаҳкор донист


Додгоҳи Русия, имрӯз баргузоркунандагони як намоишгоҳи баҳсбарангези рассомӣ дар соли 2007-ро дар барангехтани адовати мазҳабӣ гунаҳкор донист. Андрей Ерофеев ҳунаршинос ва Юрий Самодуров, мудири собиқи як осорхона, ба он муттаҳам мешуданд, ки бо баргузории он намоишгоҳ кинаву адовати мазҳабӣ барангехтаанд. Дар намоишгоҳи “Ҳунари мамнӯъ” дар осорхонаи Андрей Сахаров, дар Маскав ҳазрати Исои Масеҳро бо сари Миккӣ Маус, қаҳрамони филмҳои тасвирӣ тасвир карда буданд. Барои ин кор Шӯрои мардумӣ, як гурӯҳи миллатгарои ортодокс, баргузоркунандагони намоишгоҳро ба додгоҳ кашид. Андрей Ерофеев қабл аз оғози муҳокима гуфт, тамоми иттиҳомот бофтаву сохта аст: "Ин як муҳокимаи комилан сиёсӣ аст, зеро бе ягон баррасии демократӣ ва қонунӣ сурат гирифт. Тамоми далелҳо бофта аст ва тамоми худи ин достон сохтаву бофта аст".Сенздаҳ, ҳунарманди маъруфи Русия ҳафтае пеш бо нашри номаи саркушода ба Дмитрий Медведев “аз ӯ хостанд, то муҳокимаро фавран хотима диҳад”.
XS
SM
MD
LG