Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз СММ мехоҳад, феҳрасти сиёҳашро бознигарӣ кунад


Бино ба гузоришҳо, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон қасд дорад, то аз Созмони Милали Муттаҳид бихоҳад, ки 50 узви собиқи гурӯҳи Толибонро аз феҳрасти сиёҳаш хориҷ кунад. Рӯзномаи “Вашингтон Пост” аз қавли як мақоми баландпояи расмии Афғонистон, навиштааст, ки ҳадафи ин тақозо, роҳандозии музокироти сулҳ бо Толибон будааст. Ба навиштаи рӯзнома, дар ин феҳраст, дасти кам номи панҷ мансабдори собиқи Толибон будааст, ки ҳоло вакили порлумони Афғонистон ҳастанд ва мустақилона миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, ки алайҳи нерӯҳои ин кишвар ва НАТО меҷанганд, миёнҷигарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG